13 Ноябр 2025 - 11:06
Source: ABNA
Таҳримҳои нави Амрико алайҳи Эрон

Вазорати хазинадории Амрико аз ҷорӣ кардани таҳримҳои нав дар иртибот бо Эрон хабар дод.

Бино ба гузориши хабаргузории АБНА, Вазорати хазинадории Амрико имрӯз, чаҳоршанбе, таҳримҳои наверо дар робита ба Эрон расонаӣ кард.

Вебгоҳи Вазорати хазинадории Амрико дар ин хусус иддао кард: "Имрӯз, Дафтари назорати дороиҳои хориҷии Вазорати хазинадории Иёлоти Муттаҳида (OFAC) 32 фард ва ниҳоди мустақар дар Эрон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия, Чин, Ҳонконг, Ҳинд, Олмон ва Украинаро, ки шабакаҳои мухталифи тадорукотро барои пуштибонӣ аз тавлиди мушакҳои баллистикӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини (UAV) Эрон идора мекунанд, мавриди таҳрим қарор медиҳад!"

Бар асоси эъломи ин вебгоҳ, Ҷон К. Ҳерлӣ, муовини вазири хазинадорӣ дар умури терроризм ва иттилооти молии Амрико иддао кард: "Дар саросари ҷаҳон, Эрон аз низомҳои молӣ ба манзури таҳияи қисмҳо барои барномаҳои ҳастаӣ ва таслиҳоти маъмулии худ истифода мекунад! Бо дастури раисҷумҳур Трамп, мо фишори ҳадди аксарро бар Эрон ворид мекунем, то ба таҳдиди ҳастаии Теҳрон поён диҳем."

Иддаои Вашингтон дар ҳолест, ки Эрон борҳо эълом кардааст, ки барномаи мушакӣ ва ҳавопаймои бесарнишини Теҳрон танҳо моҳияти дифоӣ дошта ва барномаи ҳастаии он низ, осоишта мебошад.

Ин дар ҳолест, ки дар моҳҳои гузашта ва дар миёни ройзаниҳои ғайримустақим байни Теҳрон ва Вашингтон, Амрико ва саҳюнистҳои ишғолгар дар иқдоме бар хилофи тамоми конвенсияҳои байналмилалӣ, Эронро мавриди таҷовуз қарор доданд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha